Хадамоти зиддиинҳисорӣ: «Нарх танзим гардида, вазъи бозор дар ҳолати муътадил нигоҳ дошта мешавад!»
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки овозаҳо вобаста ба баландшавӣ ва камчинии маводи озуқаворӣ дар пасманзари паҳншавии сирояти коронавирус дар дигар давлатҳо, ки мардумро ба таҳлука овардааст, асоси воқеӣ надошта, бардурӯғ ва носаҳеҳ мебошанд.