Ҷинояткорони наҳзатӣ сиёсӣ нестанд
Расонаҳои наҳзатӣ дар мавриди бознигарии парвандаи иддае аз ҳаммаслакони ҷинояткорашон, ки даст ба ҷиноёти сангин зада, бо ҳукми додгоҳ ба зиндон кашидашудаанд, доду бедодро роҳандозӣ намуда, вобаста аз тавсияҳое, ки СММ дар бобати парвандаҳои мазкур пешниҳод намудааст, онҳоро ба ҳайси амри ногузир аз мақомот талаб доранд. Тайи се соли охир ҷинояткорони наҳзатии фирорӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, бо тамоми тавони хеш кўшиш доранд, то ҳаммаслакони худро аз адои ҳукми ҷазои барои аъмоли зиддимиллӣ ва зидиинсонии содирнамуда гирифтаашон озод кунанд.