16-уми ноябри соли 2018 дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик саҳфаи наве зам мегардад. Саҳфаи пур аз ифтихор, саҳфаи ҷашну шодӣ. Саҳфаи ба маънии томаш Нурбахшу Нурбор.

         Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор медарояд. Аввалин шуълаҳои ҷонбахшаш  рӯзгори мардуми кишварро боз равшантар месозанд. Алорағми ҳама душманиҳо, монеасозиҳо, нобовариҳо ва шаку шубҳаҳо.

Дилҳо аз шодӣ ба ваҷд омадаву табассум дар лабҳои фарзандони миллат гул мекунад. Чун беҳтар гуфта наметавонам, мехоҳам чакидаҳои яке аз ҷавоншоирони миллат Беҳрузи Забеҳуллоро бо тағйири як мисраи он (албатта, аз шоир маъзарат мепурсам) рӯйи коғаз орам, ки дар ҳақиқат:

Мардуми Тоҷикистон бесаброна воқеаи муҳими аср – ба кор даромадани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии Роғунро интизоранд. Хурду бузург ба ин рӯзи бобаракат расиданро солиёни зиёд орзу мекарданд. Дар ин ҷашни фархундаи халқи тоҷик фардо меҳмонони олиқадр аз гӯшаву канори олам гирд омада, шодию сурури моро бо ҳам қисмат мекунанд. Коргару деҳқон ва зиёиёни тоҷик  аз таҷрибаи рӯзгор ба хубӣ дарк намудаанд, ки воқеан ҳам неруи барқ дар кишвари обшори мо қувваи асосиест барои пойдорӣ ва зистан.

Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: