АЗ ҲАБСИ АБАД БЕҲТАРИН РОҲИ ДИГАР НЕСТ
Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 29 июли соли 2018 аъзои Созмони террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) бо кирдор ва ҷинояти ноҷавонмардонаи худ, гурўҳи мусаллаҳи ҷиноятиеро таъсис доданд, ки ин нохудогоҳону худбохтагон ва хиёнаткорону зархаридон бо истифода аз воситаи наҚлиёт ва олотҳои буррандаю халанда ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуда, чор нафари онҳоро бераҳмонаю ваҳшиёна ба Қатл расониданд. Хабари ҳамла ва ҷинояти бераҳмонаро ба сайёҳони хориҷӣ, ки дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти ОҚсуи ноҳияи Данѓара аз ҷониби гурўҳи ҷавонони номард ва хиёнаткор, ки пайравони ТТЭ ҲНИ буданд, сурат гирифта буд. Ин ҷинояти вазнину сангин ва амалҳои ѓайриинсонию манфури онҳоро ҳамон замон на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки кулли сокинони кураи арз шадидан маҳкум намуда буданд.