МУСУЛМОНИИ КАБИРӢ ДУРӮҒ АСТ
Тӯли чанд соли охир раванди бо суръат фурӯпошии нащзатищо ба таври чашмрас мушоҳида мешавад. Иттиҳоди мухолифони тоҷик, ки қаблан намояндагони аксари аҳзобу гурӯҳҳои мухталифи мухолифонро ҳадди ақал ба таври зоҳирӣ муттаҳид мекард, солҳои баъдӣ дар заминаи ихтилофҳои дохилии худ, яъне бархурдҳои байниҳизбиву байнигурӯҳии ИНОТ шурӯъ ба фурӯпошӣ кард. Аз ин буд, ки Кабирӣ ба хотири аз даст нарафтани мавқеи ҳизби худ, яъне ТТЭ ҲНИ ва дар назари сарпарастони бурунмарзии хеш ҳамчун нерӯи асосиву тамаркуздиҳандаи Иттиҳоди мухолифони тоҷик ҷилва додани он дар паи дигарбора сарҷамъ кардани гурӯҳҳои сиёсие шуд, ки бо Ҳукумати кишвар ихтилофи назар доштанд. Аммо ин талоши