Фарқи байни “Кабирӣ ва шайкаи ӯ” аз латтаи байни по дар чист?
“Зӯр бошӣ (мард бошӣ), биё як ба як мезанем”. Ин ҷумлаест, ки аксари мо ё дар кӯдакӣ ё замони мактабхониву донишҷӯӣ шунидаем ва ё шояд худамон онро гуфтаем. Одатан ин даъват замоне сурат мегирад, ки тарафе мехоҳад қудрат ё зӯри бозуи худро ба танҳоӣ дар муқобили неруи дигар “мардак барин” намоиш диҳад.
Ва ин даъват ба навъе эътироз ба муқобили нафаре ё нафаронест, ки аз мардонагӣ чизе надоранду гуруҳи одамонро гирди худ ҷамъ оварда, ба муқобили даъваткунанда юриш кардаанд.