Дар бораи асли воқеаи 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ, сокини ин шаҳр, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт:
- Соати 17:00 дар масири роҳи маҳаллаи УПД-и шаҳри Хоруғ (к.А.Аёмбеков), ронандаи мошини тамғаи «Кемри» - Худоёров Наврас Ифтихорович бо падараш Худоёров Ифтихор, истиқоматкунандагони м.Болнисени шаҳр дар ҳолати мастӣ, монеи ҳаракати қатори мошинҳои ҳарбӣ мешаванд. Ним соат онҳоро аз ҳаракат бозмедоранд. Новобаста, аз таъкидҳои такрории мардуми маҳаллӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, ин ҷавони бадмаст дар ҳузури падараш роҳро барои ҳаракат холӣ намекунад.