Инак Муҳиддин Кабирӣ баъд аз хиёнат кардан ба Ватан ва паноҳ бурдан ба зери домони хоҷагони худ, дигарбора бидуни хиҷолат сар бадар оварда, мехоҳад чеҳранамоӣ кунад. Дар “Гуфтугуйи ба ном рӯ ба рӯйи М.Кабирӣ”, ки дар шабакаҳои иҷтимоиӣ санаи 18.01.2019с. пахш гардид, ин фарди аз воқеияти рӯзгор фосила гирифта ва ба Тоҷикистон мутлақо бегона, бо худшефтагии ба ӯ хос,  табли бечоранавозиро ба роҳ андохтааст. Хост худро тариқи “онлайн” ҳамчун роҳбари «Паймони зиддимиллӣ» муаррифӣ кунад.

Дар бораи қотилию ғоратгариҳои роҳбарону масъулони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳар қадар гӯем ва нависем боз ҳам кам аст. Зеро ин гурӯҳи хиёнаткор барои миллату давлати Тоҷикистон солҳои навадуми асри гузашта он қадар бадбахтию   бенизомӣ оварда буданд, ки чунин ҳолатро халқи тоҷик дар тамоми тӯли таърих надида буд. Ҳарчанд халқи тамаддунофар ва фарҳангпарвари тоҷик дар шебу фарози таърих борҳо дучори чунин вазъияту ҳолатҳо гардида буд, вале ҳеҷ яки онҳо ба мисли ваҳшоният ва бедодгариҳои сарварону аъзоёни ТТЭ ҲНИ набуд.

Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: