8 апрели соли равон президенти ИМА Доналд Трамп дар Қасри сафед расман изҳор дошт, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ) барои амалиёти террористии роҳбарияти Эрон, ки «воситаи асосӣ»-и ҳокимият дар самти «татбиқи амалиёти глобалии террористии он» мебошад, хизмат мекунад.  

Бино ба хабари сомонаи «Фергана.Ру» (https://fergana.agency/articles/106464/), президенти Амрико, аз ҷумла гуфт: «Ман имрӯз дар бораи тадбирҳои маъмуриятам ҷиҳати ворид намудани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Эрон, аз ҷумла неруҳои «Қудс» ба рӯйхати созмонҳои террористии хориҷӣ расман эълон медорам». Трамп ишора намуд, ки СПИИ терроризмро ҳамчун воситаи сиёсати давлатӣ истифода намуда, дар терроризм фаъолона иштирок менамояд ва онро ҳамчун воситаи сиёсати давлатӣ маблағгузорӣ менамояд ва пеш мебарад.  

Инро котиби давлатӣ оид ба амнияти миллӣ Ҷон Болтон низ тасдиқ намуда, иброз дошт, ки «Иёлоти Муттаҳида ин сохтори мусаллаҳи Эронро ба рӯйхати созмонҳои террористии хориҷӣ ворид намуд, зеро СПИИ «терроризмро сармоягузорӣ мекунад ва дар ин сурат мардуми Эрон азият мекашанд».

Қабули шаҳрвандон

Раиси ноҳияи Роштқалъа

НАЗАРШОЗОДА Лоиқ Мирак 
Рузҳои қабул:
рузи Сешанбе, 
аз соати 10:00 то 12:00
рузи Шанбе, аз соати 08:00 то 12:00

Роҳбарон

НИЁЗМАМАДОВ  Вафобек Элчибекович
Муовини якуми раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
 
ГУЛАМАДШОЗОДА Роза Иқболшо
Муовини раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.:
МАМАДРАИМОВ Занҷирқул
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа
Тел.: