Изҳороти Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бархилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида, ҷониби Қирғизистон соати 18:45-и санаи 16-уми сентябри соли 2019 дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Овчи- Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карданд.