Сокинони маҳаллаи марзии Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъача: «Танҳо тавассути дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба расму оини неки ҳамсоядорӣ метавонем осуда ва аҳлона зиндагӣ намоем»
ХУҶАНД, 18.09.2019. /АМИТ Ховар/. Дар паи тирпаронии бегоҳии 16 сентябр дар ҳудуди марзии Тоҷикистону Қирғизистон, яъне дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се марзбони тоҷик— як подполковник ва ду сарбоз кушта шуданд. Инҳо подполковник Рустам Убайдуллоев ва ду сарбози қаторӣ— Рамазон Исломов ваИлёсиддин Субҳонов мебошанд.