МУРОҶИАТНОМАИ Ҷавонони вилояти Суғд ба тамоми мардуми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон
Мо, ҷавонони вилояти Суғд вобаста ба вазъияти кунунии ба амаломада дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва нашри ақидаҳои муғризонаи гурўҳҳои мухолиф нисбат ба шароит ва ҳолати имрўзаи ин пораи Тоҷикистон, ба тамоми мардуми шарифи он, аз ҷумла ҷавонони минтақа муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки имрўз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурўҳҳои ҷиноятӣ гардида, нисбат ба марзи аҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳои номатлубро раво бубинед.