ЭЪЛОН

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

1. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъа, музди меҳнат 810 сомонӣ 00 дирам

Талаботи ассоси нисбати довталаб:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси диншиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ ва филологӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва малакаи кор бо компютер; Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза ба номи раиси ноҳияи Роштқалъа ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ҷайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломати дар шакли 08 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома оид ба доҷи судӣ Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз баъд аз нашри эълон (то 9 май) Суроҷа: деҳаи Медон, бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа Индекс 736112 Тел \ факс: 21 – 2 – 70, 21 – 1 – 69